ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Дело № 05-0315/2022 | Измайловский районный суд
Измайловский районный суд. Судья фио Перевод постановления административном правонарушении от 15.02.2022 г., в отношении фио Перевод на таджикский язык. Переводчик фио
ҚАРОР
оиди парванда (парвандаи маъмурӣ)
дар бораи содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
адрес феврали соли 2022
Судяи суди ноҳияи Измайловскии шаҳри Москва фио,
бо иштироки ноболиғ фио Сунатулло Маҳмадшоевич,
бо иштироки ҳимоятгар-адвокат фио, ки шаҳодатномаи адвокатии № 11204 аз 24 феврали соли 2011-ро пешниҳод намудааст, фармон дар парванда,
бо иштироки ёрдамчии прокурори байниноҳиявии Измайловский фио,
бо иштироки намояндаи мақомот ва парастории ОСЗН-и ноҳияи Северное Измайлово-и шаҳри Москва фио, ки шаҳодатнома пешниход кардааст,
бо иштироки тарҷумон Разоқов А.Н., ки ваколатномаро пешниҳод кардааст,
дар суди кушода маводи парвандаи маъмурии № 5-315/2022 оиди ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуд, нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон:
фио Сунатулло Маҳмадшоевич, соли таваллудаш ..., зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои маълумоти миёна, муҷаррад, кор намекунад, дар суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, адрес, кӯчаи Турумбой Сатиев, хонаи 46,
ки тибқи қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
МУАЙЯН НАМУД (насб кард) :
14 феврали соли 2022, соати 11:00 дар суроғаи: адрес, кучаи 5-уми Парковая, хонаи 60А, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фио Сунатулло Маҳмадшоевич, таваллудаш 12 октябри соли 2004 муайян карда шуд, ки 8 августи соли 2021 бо тартиби бидуни раводид ба Федератсияи Россия бо мақсади кор кардан омадааст, вале баъди ба охир расидани мӯҳлати будубошиаш мӯҳлати бақайдгирии муҳоҷиратро дароз накардааст, ки бо ин, банди 2 моддаи 5 Қонуни Федералии мазкурро аз 25 июли соли 2002 N 115-ФЗ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия»-ро вайрон кардааст, яъне вай тибқи қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст.
Дар маҷлиси суди ноболиғ фио Сунатулло Маҳмадшоевич, ки дар ҳузури ҳимоятгар – адвокат фио, тарҷумон ва намояндаи мақомоти васояту парастории ОСЗН-и ноҳияи Северное (Шимолӣ) Измайлово мавриди пурсиш қарор гирифта буд, гуноҳи худро дар бораи содир намудани қонуншиканӣ тибқи қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, комилан эътироф намудааст.
Судя пас аз шунидани баёноти фио Сунатулло Маҳмадшоевич, ҳимоятгари ӯ, хулосаи прокурор, бо омӯхтани маводи хаттии парванда ба хулосае меояд, ки ба амали фио Сунатулло Маҳмадшоевич мутобиқи қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, дуруст баҳо дода шудааст.
Мақсадҳои пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар онанд, ки ҳамаҷониба, пурра, объективӣ ва саривақтии ҳолатҳои ҳар як парванда, мувофиқи қонун ҳал намудани он, таъмини иҷрои қарор, инчунин муайян намудани сабабу шароите мебошанд, ки ба содир намудани хукуквайронкунии маъмури мусоидат кардаанд (моддаи 24.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия).
Мутобиқи моддаи 26.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, дар қатори ҳолатҳои дигар дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ инҳо бояд равшан карда шаванд: мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; шахсе, ки амалҳои (беамалии) ғайриқонунӣ содир кардааст, ки барои онҳо Кодекс ё қонуни субъекти Федератсияи Россия ҷавобгарии маъмурӣ-ро пешбинӣ кардааст, инчунин гуноҳи ӯ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; дигар ҳолатҳое, ки барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд, инчунин сабабҳо ва шартҳои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
Мувофиқи қисми 1.1. моддаи 18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия (тамоми меъёрҳои дар қарори мазкур зикргардида дар тахрир ва дар он вақти ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки барои ба ҷавобгарии маъмури кашидани фио Сунатулло Маҳмадшоевич асоснок шуда будаанд, дар қарор оварда шудаанд) аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд вайрон кардани тартиби (режими) будубошии (иқомат) дар Федератсияи Россия, ки дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи будубошӣ (иқомат) дар Федератсияи Россия ё дар сурати гум шудани чунин хуҷҷатхо ифода ёфтаанд ва ҳолатҳои дар бораи он ба мақомоти дахлдор пешниход накардани ариза дар бораи гум кардани онҳо ё саркаши кардани аз хориҷрафтан аз Федерацияи Россия пас аз мўхлати муайяни будубош, агар ин амалҳо аломатҳои кирдори ҷазои ҷиноятиро дарбар надошта бошанд, боиси таъйин намудани ҷаримаи маъмурӣ мегардад ба андозаи аз ду ҳазор то панч ҳазор рубл ва инчунин бо роҳи маъмурӣ хориҷ кардан аз Федератсияи Россия.
Мутобиқи қисми 3.1 моддаи 18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, ҳуқуқвайронкунии дар қисми 1.1 ҳамин модда пешбинишудае, ки дар шаҳри макоми Федералии Москва ё Санкт-Петербурги ё дар вилояти Москва ё вилояти Ленинград содир шудааст, - ҷаримаи маъмурӣ-ро ба андозаи аз панҷ то ҳафт ҳазор рубли русӣ ва бо роҳи маъмурӣ аз Федератсияи Русия хориҷ карданро дар назар мегирад.
Ҳолатҳои мазкур, ки дар протоколи адрес № 0739985 аз 14 феврали соли 2022 зикр гардидаанд, барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фио Сунатулло Маҳмадшоевич асоснок карда шуданд, ки он дар қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси Федератсияи Россия дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия, аз ҷумла, бо Қонуни Федералии № 115-ФЗ аз 25 июли соли 2002 танзим карда мешавад.
Мутобиқи банди 1 моддаи 2 Қонуни Федералии № 115-ФЗ аз 25 июли соли 2002 шаҳрванди хориҷӣ, ки қонунан дар Федератсияи Русия ҳузур дорад, шахсе мебошад, ки дорои иҷозатномаи иқомат, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ё раводид мебошад ва (ё) дорои корти муҳоҷиратӣ ё дигар ҳуҷҷатхои пешбининамудаи қонуни федералӣ ё шартномаи байналмилалии Федератсияи Россия, ки ҳуқуқи будубоши (иқомати) шаҳрванди хориҷиро дар Федератсияи Россия тасдиқ менамояд.
Мутобиқи муқаррароти Қонуни Федералии № 115-ФЗ аз 25 июли соли 2002, дар байни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки ба Федератсияи Русия бо тартиби бидуни раводид омадаанд, барои будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Русия, ин аст корти муҳоҷират ва патентро дар бар мегиранд.
Шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан дар Федератсияи Русия қарор дорад, вазифадор аст, бо муқаррароти ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Федералии мазкур, пас аз ба охир расидани раводид ё дигар давраи будубоши муваққатии худ, ки дар ҳамин Қонун ё шартномаи байналмилалии Федератсияи Русия муқаррар шудааст, аз Федератсияи Русия берун равад, бидуни қисми 2 моддаи 5 Қонуни Федералии аз 25 июли соли 2002 N 115-ФЗ (қисми 2 моддаи 5 Қонуни Федералии 25 июли соли 2002 N 115-ФЗ).
Аз мундариҷаи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳодшуда бармеояд, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фио Сунатулло Маҳмадшоевич патенти дар ҳудуди шаҳри Москва амалкунанда дода нашудааст.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 1.5 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия, шахс танҳо барои он ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ки дар нисбати онҳо гуноҳи ӯ муқаррар шудааст.
Дар боло зикршуда гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фио Сунатулло Маҳмадшоевич барои ҷиҳати риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия чораҳои зарурӣ наандешидааст.
Бо назардошти таҳлили талаботи дар боло зикргардидаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия ва ҳолатҳои дар парванда муқарраргардида ба хулосае меоям, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фио Сунатулло Маҳмадшоевич талаботи моддаи 5 Қонуни Федералии аз 25 июли соли 2002 N 115-ФЗ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия»-ро вайрон кардааст, ки бинобар ин амали ӯ қисми объективии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ташкил медиҳад, ки дар қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин амалан содир намудани хуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар қисми 3.1. Моддаи 18.8-и Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия пешбинӣ шудааст ва гуноҳи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фио Сунатулло Маҳмадшоевич бо маҷмуи далелҳои дар парванда пешниҳодшуда, ки қобили қабул ва эътимоднокии онҳо бешак шубҳа нест, тасдиқ карда мешавад, аз ҷумла: бо протокол дар бораи хуқуқвайронкунии маъмурӣ; гузориши корманди полис; тавзеҳоти хаттии фио; маълумоти АС ЦБДУИГ нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон фио; бо далелҳои дигари хаттии парванда.
Дар асоси муқаррароти моддаи. Моддаи 26.2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, далели парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳама гуна маълумоти воқеие мебошанд, ки дар асоси онҳо судя, мақомот, мансабдори ваколатдори парванда мавҷудият доштан ё надоштани ҳодисаи ҳукуквайронкунии маъмуриро муайян мекунад, аз ҷумла гунохи шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмури кашида шудааст, ва инчунин дигар ҳолатҳоеро, ки барои дуруст ҳал намудани парванда муҳиманд.
Протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парванда тибқи талаботи қонун аз ҷониби шахси мансабдори дахлдор тартиб дода шудааст, барои нобоварӣ ба маълумоти дар он зикргардида асосе вуҷуд надорад, бинобар ин, ин далелҳоро қобили қабул меҳисобам, эътироф менамоям ва онҳоро дар асоси қарор мегузорам.
Намояндаи прокуратураи байнинохиявии Измайлово-и шаҳри Москва фио дар маҷлиси суди зарур донист, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фио Сунатулло Маҳмадшоевич дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи қисми 3.1 моддаи 18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия гунаҳкор дониста шавад, ва бо ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) рубли русӣ ба манфиати давлат бо ихроҷи маъмурӣ аз Федератсияи Россия дар шакли берун рафтани мустақили назоратшаванда аз Федератсияи Россия, ҷазо дода мешавад.
Дар асоси муҷозоти қисми 3.1 моддаи 18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, ҳолатҳои мушаххаси парванда, хусусияти ҳуқуқвайронкунии содиршуда, маълумот дар бораи шахсияти шахси иштироккунанда, ки ба гуноҳи худ иқрор шудааст, қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудааст, ҳамчун ҳолатҳое эътироф карда мешаванд, ки ҷавобгарии маъмуриро сабук мекунанд, яъне бо дарназардошти талаботи моддахои 3.1, 3.5, 4.1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, зарур мешуморам, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фио ҷазои маъмурӣ-ро дар шакли ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 5000 рубл бо ихроҷи маъмурӣ аз Федератсияи Русия таъин карда шавад.
Бо назардошти кисми 3.1 моддаи 18.8, моддахои 29.9, 29.10, 29.11 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия, судя,
ҚАРОР КАРД:
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фио Сунатулло Маҳмадшоевич дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи қисми 3.1 моддаи 18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия гунаҳкор дониста шавад, ва бо ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) рубли русӣ ба давлат, бо ихроҷи маъмурӣ аз Федератсияи Россия дар шакли берун рафтани мустақили назоратшаванда аз Федератсияи Россия, ҷазо дода шавад.
Иҷрои қарор дар бораи ихроҷи маъмурӣ ба зиммаи сардори Раёсати корҳои дохилии ОВМ ОМВД Россия оид ба ноҳияи Северное Измайловои (Измайловои Шимолии) шаҳри Маскав гузошта шавад.
Иҷрои қарор дар бораи ҷаримаи маъмурӣ ба дӯши Хадамоти Федеролии иҷрочиёни судии Россия УФССП оид ба шаҳри Москва гузошта шавад.
Аз болои Қарор тавассути суди ноҳияи Измайловскии шаҳри Москва ба Суди шаҳрии Москва шикоят кардан мумкин аст дар давоми 10 (даҳ) рӯз аз рӯзи супурдани нусхаи Қарори мазкур
Судья фио
Перевел фио